/
Сиёсати махфият

Сиёсати махфият

Сиёсати ширкат нисбат ба маълумотҳои шахсӣ

СИЁСАТИ МАХФИЯТ

ш. Новосибирск «01» июли 2020 с.

Сиёсати махфияти маълумотҳои шахсии мазкур (минбаъд – Сиёсати махфият) нисбати тамоми маълумотҳо, ки онҳоро ширкати «МобиСтаф», ки дар номи домнагии www.mobistaff.ru ҷойгир мебошад, метавонад дар бораи Истифодабаранда дар вақти истифода бурдани сомона, барнома ва маҳсулотҳои он гирад, амал мекунад.

1. ТАЪРИФИ ИСТИЛОҲҲО

1.1. Дар Сиёсати махфияти мазкур истилоҳҳои зерин истифода бурда мешаванд:

1.1.1. «Маъмурияти сомонаи Ширкат (минбаъд – Маъмурияти сомона)» – кормандони барои идоракунии сомона ваколатдор, ки аз номи Ҷамъияти дорои маҳсулияти маҳдуд “МобиСтаф” амал карда, коркарди маълумотҳои шахсиро ташкил ва (ё) амалӣ мекунанд, инчунин мақсадҳои коркарди маълумотҳои шахсиро, таркиби маълумотҳои шахсии гирифтори коркардкунӣ, амалҳо (амалиётҳо), ки бо истифода аз маълумотҳои шахсӣ гузаронида мешаванд, муайян мекунанд.

1.1.2. «Маълумотҳои шахсӣ» – ҳар кадом маълумот, ки бевосита ё бавосита ба шахси воқеии муайян ё муайяншаванда (субъекти маълумотҳои шахсӣ) таалуқ дорад.

1.1.3. «Коркарди маълумотҳои шахсӣ» – ҳар кадом амал (амалиёт) ё маҷмӯъи амалҳо (амалиёт)-ҳо бо маълумотҳои шахсӣ, ки бо истифода аз воситаҳои автоматикунонида ё бе истифода аз чунин воситаҳо гузаронида мешаванд, аз ҷумла ҷамъкунӣ, сабткунӣ, банизомдарорӣ, ғункунӣ, нигоҳдорӣ, аниқкунӣ (навкунӣ, тағйирдиҳӣ), баровардан, истифодабарӣ, гузаронидан (паҳнкунӣ, пешниҳод, додани рухсат), ғайришахсикунӣ, муҳосира кардан, хориҷкунӣ, бекоркунии маълумотҳои шахсӣ.

1.1.4. «Махфияти маълумотҳои шахсӣ» – талаботи барои Оператор ё дигар шахси ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ пайдокарда ҳатман риояшаванда оиди роҳ надодан ба паҳнгардии онҳо бе розигии субъекти маълумотҳои шахсӣ ё вуҷудияти дигар асоси қонунӣ.

1.1.5. «Истифодабарандаи сомонаи ширкати «МобиСтаф» (минбаъд – Истифодабаранда)» – шахс, ки ба Сомона бо воситаи шабакаи Интернет дастрасӣ дошта, Сомонаи ширкатро истифода мебарад.

1.1.6. «Cookies» — порчаи на онқадар калони маълумотҳо, ки тариқи веб-сервер равона шудааст ва дар компютери истифодабаранда нигоҳ дошта шудааст, ки онро веб-мизоҷ ё веб-браузер ҳар маротиба ба веб-сервер дар шакли HTTP-дархост зимни ҳаракати кушодани саҳифаи дахлдори сомона аз нав равона мекунад.

1.1.7. «IP-суроға» — суроғаи беназири шабакавии нуқта дар шабакаи компютерӣ, ки аз рӯи протоколи IP сохта шудааст.

2. МУҚАРРАРОТҲОИ УМУМӢ

2.1. Аз ҷониби Истифодабаранда истифода бурдани сомонаи «МобиСтаф» маънои розӣ будан бо Сиёсати махфияти мазкур ва шартҳои коркарди маълумотҳои шахсии Истифодабаранда дорад.

2.2. Дар ҳолати розӣ набудан бо шартҳои Сиёсати махфият Истифодабаранда бояд истифода бурдани сомонаи ширкатро қатъ кунад.

2.3. Сиёсати махфияти мазкур танҳо ба сомонаи ширкати ҶДММ “МобиСтаф” татбиқ мегардад. Ширкат сомонаҳои шахсони сеюмро, ки ба онҳо Истифодабаранда метавонад аз рӯи ишораҳо дар сомонаи ширкат дастрасбуда гузарад, назорат намебарад ва аз рӯи онҳо ҷавобгар намебошад.

2.4. Маъмурияти сомона саҳеҳ будани маълумотҳои шахсии аз ҷониби Истифодабарандагони сомона пешниҳодшударо зери санҷиш қарор намедиҳад.

3. МАВЗӮЪИ СИЁСАТИ МАХФИЯТ

3.1. Сиёсати махфияти мазкур ӯҳадориҳои Маъмурияти сомонаро оид ба фош накардан ва таъмини реҷаи ҳимояи махфияти маълумотҳои шахсӣ, ки онҳоро Истифодабаранда аз рӯи дархост ба Маъмурияти сомона зимни пур кардани шаклҳои робитаи баргашт пешниҳод мекунад, муқаррар менамояд.

3.2. Маълумотҳои шахсӣ, ки коркарди онҳо дар доираи Сиёсати махфияти мазкур иҷозат дода шудааст, аз ҷониби Истифодабаранда бо роҳи дар Сомонаи ширкати ҶДММ «МобиСтаф» дар фаслҳои пуркунии шаклҳо пур кардани шакли бақайдгирӣ пешниҳод карда мешаванд ва маълумоти зеринро дар бар мегиранд:

3.2.1. насаб, ном, номи падари Истифодабаранда;

3.2.2. рақами телефони Истифодабаранда;

3.2.3. суроғаи почтаи электронӣ (e-mail);

3.2.4. ҷои кори Истифодабаранда;

3.2.5. ҷои зисти Истифодабаранда.

3.3. Ҳар кадом дигар маълумоти дар боло қайднашуда (таърихи воридшавӣ, браузерҳо ва низомҳои амалиётии истифодашаванда ва ғ.) гирифтори нигоҳдорӣ ва фош накардани боэътимод мебошад, ба ғайр аз ҳолатҳои дар бандҳои 5.2 ва 5.3-и Сиёсати махфияти мазкур пешбинишуда.

4. МАҚСАДҲОИ ҶАМЪКУНИИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСИИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН

4.1. Маълумотҳои шахсии Истифодабарандагон аз ҷониби Маъмурияти сомона метавонанд бо мақсадҳои зерин истифода бурда шаванд:

4.1.1. Мушаххасгардонии Истифодабарандаи дар сомонаи Ширкат ба қайд гирифташуда, барои барасмиятдарории дархостҳо.

4.1.2. Ба Истифодабаранда пешниҳод намудани дастрасӣ ба манбаъҳои шахсишудаи Сомонаи ширкат.

4.1.3. Бо Истифодабаранда ҷорӣ кардани алоқаи баргашт, аз ҷумла равона кардани хабарномаҳо, дархостҳои ба истифодабарии Сомонаи ширкат, пешниҳоди хизматрасониҳо таалуқдошта, коркарди дархостҳои аз номи Истифодабаранда воридшуда.

4.1.4. Муайян кардани ҷои бошиши Истифодабаранда барои таъмини бехатарӣ, пешгирии қаллобӣ.

4.1.5. Тасдиқ кардани саҳеҳ ва пурра будани маълумотҳои шахсии аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳодшуда.

4.1.6. Сохтани қайди баҳисобгирӣ барои дастрасӣ ба хизматҳои сомона, агар Истифодабаранда барои сохтани қайди баҳисобгирӣ розигӣ дода бошад.

4.1.7. Ба Истифодабаранда додани хабарнома дар бораи ҳолати дархост.

4.1.8. Ба Истифодабаранда расонидани кӯмаи самараноки мизоҷӣ ва техникӣ зимни пайдоиши мушкилиҳои бо истифодабарии Сомонаи ширкат алоқаманд.

4.1.10. Ба Истифодабаранда бо розигии он пешниҳод намудани навигириҳо оид ба ҷойҳои кории холӣ, рӯйхати хизматрасониҳо, фиристонидани ахборот ва дигар иттилоот аз номи ширкат ё аз номи шарикони ширкат.

4.1.11. Ба Истифодабаранда барои мақсадҳои гирифтани маҳсулот, навигириҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод намудани дастрасӣ ба сомонаҳо ва хизматҳои шарикони ширкат.

5. ТАРЗҲО ВА МӮҲЛАТҲОИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

5.1. Коркарди маълумотҳои шахсии Истифодабаранда бе маҳдудкунии мӯҳлат, бо ҳар кадом тарзи қонунӣ, аз ҷумла дар низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсӣ бо истифода аз воситаҳои автоматикунонида ё бе истифодаи чунин воситаҳо амалӣ гардонида мешавад.

5.2. Истифодабаранда бо он розӣ мебошад, ки Маъмурияти сомона ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани маълумотҳои шахсиро танҳо барои иҷрои дархости Истифодабаранда, ки дар Сомонаи ширкати ҶДММ “МобиСтаф” ба расмият дароварда шудааст, дорад, аз ҷумла, ба хадамотҳо оид ба ҳайати кормандон, ташкилотҳои алоқаи почта, операторони электроалоқа.

5.3. Маълумотҳои шахсии Истифодабаранда метавонанд ба мақомотҳои салоҳиятдори ҳокимияти давлатии Федератсияи Россия танҳо аз рӯи асосҳо ва тартиби муқарраршудаи қонунгузории Федератсияи Россия дода шаванд.

5.4. Зимни гум ё фош кардани маълумотҳои шахсӣ, Маъмурияти сомона ба Истифодабаранда оид ба гум ё фош кардани маълумотҳои шахсӣ хабар мерасонад.

5.5. Аз ҷониби Маъмурияти сомона чораҳои зарурии ташкилӣ ва техникӣ барои ғайриқонунӣ ё тасодуфан додани дастрасӣ, бекоркунӣ, тағйирдиҳӣ, муҳосира, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва инчунин аз дигар амалҳои шахсони сеюм ҳимоя кардани маълумотҳои шахсии Истифодабаранда андешида мешаванд.

5.6. Маъмурияти сомона якҷоя бо Истифодабаранда тамоми чораҳоро барои пешгирии зарарҳо ё дигар натиҷаҳои манфӣ, ки аз сабаби гум ё фош кардани маълумотҳои шахсии Истифодабаранда ба вуқӯъ омадаанд, меандешанд.

6. ӮҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

6.1. Истифодабаранда ӯҳдадор аст:

6.1.1. Маълумотро дар бораи маълумотҳои шахсӣ, ки барои истифода бурдани Сомонаи ширкат лозим мебошад, пешниҳод кунад, айнан бошад – гузоштани дархост тариқи шакл.

6.1.2. Дар ҳолати дигар шудани маълумоти шахсии қаблан пешниҳодшуда, онро нав, пурра кунад.

6.2. Маъмурияти сомона ӯҳдадор аст:

6.2.1. Маълумотҳои қабулшударо танҳо бо мақсадҳои дар б. 4-и Сиёсати махфияти мазкур овардашуда истифода барад.

6.2.2. Пинҳонӣ нигоҳ доштани маълумоти шахсиро таъмин кунад, онро бе гирифтани розигии хаттии пешакии Истифодабаранда фош накунад, инчунин фурӯш, иваз, нашр ё бо дигар тарзҳои эҳтимолӣ фош кардани маълумотҳои шахсии Истифодабаранда, ғайр аз ҳолатҳои пешбинишудаи бандҳои 5.2 ва 5.3-и Сиёсати махфияти мазкур, амалӣ нагардонад.

6.2.3. Барои ҳимояи махфияти маълумотҳои шахсии Истифодабаранда мутобиқи тартиби одатан барои дар гардиши кории мавҷуда ҳимоя намудани чунин намуд маълумот истифодашаванда, чораҳои эҳтиётӣ андешад.

6.2.4. Аз лаҳзаи муроҷиат ё дархости Истифодабаранда ё намояндаи қонунии он ё инки мақомоти салоҳиятдор оид ба ҳимояи субъектҳои маълумотҳои шахсӣ дар давраи тафтиш, дар ҳолати муайян кардани маълумотҳои шахсии носаҳеҳ ё амалҳои ғайриқонунӣ, муҳосираи маълумотҳои шахсии ба Истифодабарандаи дахлдор таалуқдоштаро амалӣ гардонад.

7. ҶАВОБГАРИИ ТАРФҲО

7.1. Маъмурияти сомона, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст, барои зарарҳои ба Истифодабаранда бо сабаби истифодаи ғайриқонунии маълумотҳои шахсӣ расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ҷавобгар мебошад, ба истиснои ҳолатҳои пебнишидаи бандҳои 5.2, 5.3 ва 7.2-и Сиёсати махфияти мазкур.

7.2. Дар ҳолати гум ё фош кардани маълумоти махфӣ, Маъмурияти сомона ҷавобгар намебошад, агар чунин маълумоти шахсӣ:

7.2.1. То лаҳзаи гум ё фош кардан оммавӣ шуда бошад.

7.2.2. То лаҳзаи аз ҷониби Маъмурияти сомона қабул кардан аз тарафи сеюм қабул шуда бошад.

7.2.3. Бо розигии Истифодабаранда фош шуда бошад.

8. ҲАЛ КАРДАНИ БАҲСҲО

8.1. То ба суд муроҷиат кардан аз рӯи баҳсҳо, ки аз муносибатҳои Истифодабарандаи сомона ва Маъмурияти сомона пайдо шудаанд, пешниҳоди эътироз (пешниҳоди хаттӣ оид ба ҳал кардани баҳс) ҳатмӣ мебошад.

8.2. Қабулкунандаи эътироз дар давоми 30 рӯизи тақвимӣ аз рӯзи қабул кардани эътироз, ба пешниҳокунандаи эътирозро дар бораи натиҷаҳои баррасии эътироз ба таври хаттӣ хабар мерасонад.

8.3. Дар ҳолати ҳал нашудан, баҳс мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия ба баррасии мақомоти судӣ гузаронида мешавад.

8.4. Нисбат ба Сиёсати махфияти мазкур ва муносибатҳо байни Истифодабаранда ва Маъмурияти сомона, қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия татбиқ мегардад.

9. ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ

9.1. Маъмурияти сомона ҳуқуқи бе розигии Истифодабаранда ба Сиёсати махфияти мазкур ворид кардани тағйирот дорад.

9.2. Сиёсати махфияти нав аз лаҳзаи дар Сомона ҷойгир кардани он қувва пайдо мекунад, агар дигаре бо таҳрири нави Сиёсати махфият пешбинӣ нашуда бошад.

9.3. Тамоми пешниҳодҳо ё саволҳоро аз рӯи Сиёсати махфияти мазкур, Шумо метавонед ба суроғаи электронии алоқавии дар сомонаи mobistaff.ru қайдшуда равона кунед.

9.4. Сиёсати махфияти амалкунанда дар саҳифаи аввали суроғаи mobistaff.ru ҷойгир карда шудааст.

Нав карда шудааст «20» июли 2020 с.